Январ 12, 2020 20:56 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон дар канори Қатар хоҳад монд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Бархе аз кишварҳои минтақа (ғарби Осиё) алайҳи Қатар маҳдудиятҳое эҷод карданд, аммо Эрон бар асоси вазифаҳои ҳамсоягӣ, дар канори Қатар буд ва дар канори ин кишвар хоҳад монд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эжрон  асри якшанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амри Қатар дар Теҳрон афзуд: Ҳамакнун равобити сиёсии ду кишвар, равобити бисёр хубе аст ва ду тараф барои густариши равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва илмӣ зарфиятҳои зиёде доранд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин таъкид кард, дар чанд моҳи оянда комиссияи муштараки ду кишвар ташкил мешавад ва ду тараф метавонанд дар ҳамкориҳои тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварӣ дар ҳамаи заминаҳо ба тавофуқ бирасанд.

Амири Қатар низ дар ин нишасти хабарӣ, аз мавзеи Ҷумҳурии исломии Эрон дар қиболи Қатар қадрдонӣ ва таъкид кард, имрӯз роҳи ҳалли тамоми масоил, бӯҳронҳо ва мушкилот гуфтугӯ аст.

 

 

Барчасп