Январ 13, 2020 13:54 Asia/Dushanbe
  • Посухи Вазорати хориҷаи Эрон ба твитти форсии Трамп

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба твитти форсии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар Твиттер тасреҳ кард, дастҳо ва забонҳое, ки ба таҳдид, таҳрим ва террори мардуми Эрон олудааст, ҳақ надоранд забони куҳани форсиро биёлоянд.

Ба нақл аз ИРНО, саид Аббоси Мусавӣ афзуд, оё воқеан дар канори мардуми Эрон, ки ба тозагӣ қаҳрамонашонро террор кардед истодаед ё дар баробари онҳо?

Саид Аббоси Солиҳӣ вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон низ дар вокуниш ба твитти форсии Трамп дар Твиттер навишт, забони форсӣ намоди фарҳанги эронӣ аст; то дирӯз таҳдиди такрор ба такрори маконҳои фарҳангии Эрон ва имрӯз гуфтугӯ бо эрониён ба забони форсӣ!

Раиси ҷумҳури Амрико шанбешаб дубора бо гирифтани чеҳраи дуруғини тарафродӣ аз мардуми Эрон, аз эътирозоти ахир дар Теҳрон ҳимоят кард.

Трамп, ки давлаташ сиёсати фишори ҳадиаксарӣ алайҳи миллати Эронро дар дастури кор қарор дода ва пас аз хуруҷ аз БАРҶОМ аз ҳеҷ талоше барои заъиф кардани тавони иқтисодии Эрон фуругузор накардааст, дар твитте ба забони форсӣ муддаӣ шуд, вай аз ибтидои раёсати ҷумҳурии худ дар канори мардуми Эрон истода ва давлати ӯ ба ҳимоят аз миллати Эрон идома хоҳад кард.

Дар моҳҳои ахир бисёре аз мақомоти амрикоӣ аз ҷумла Доналд Трамп раиси ҷумҳурӣ ва Майк Помпео вазири умури хориҷаи ин кишвар, ки борҳо аз таҳримҳои сахтгирона алайҳи миллати Эрон ҳимоят кардаанд чеҳраи касонеро ба худ гирифтаанд, ки аз мардуми Эрон ҳимоят мекунанд.

Жести инсондӯстонаи мақомоти амрикоӣ дар ҳолест, ки таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Вашингтон, ки шомили ақломи асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми Эрон шудааст.

Дар паи сониҳаи суқути як ҳавопаймои мусофирбарии Боинг-737 мутаалиқ ба хутути ҳавоии Украина дар наздикии Теҳрон, асри шанбе таҷамуоте муқобили чанд донишгоҳи Теҳрон аз ҷумла Донишгоҳи Амиркабир барои ҳамдардӣ бо хонаводаи ҷонбохтагони ин сониҳа баргузор шуд, ки бо сӯистифодаи шуморе аз авбош ба бероҳа рафт.

Барчасп