Январ 13, 2020 17:14 Asia/Dushanbe
  • Дар аввлавият қарор гирифтани хурӯҷи Амрико аз минтақа

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо баёни инки хурӯҷи Амрико аз минтақа бояд дар аввлавият қарор гирад, гуфт, бо ҳузури нирӯҳои террористии Амрико, минтақаи ғарби Осиё ҳеҷгоҳ ба оромиш ва амният нахоҳад расид.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи душанбе дар дидори Имод Хамис, нахуствазири Сурия дар Теҳрон бо таъкид бар инки ҳамзамон бо ваҳдати кишварҳои минтақа, хурӯҷи шароратомези Амрико таҳаққуқ меёбад, афзуд, Эрон бо мушакборони пойгоҳи амрикоии Айн-ал Асад ва посухи кӯбанда ба ҷинояти Амрико, бори дигар собит кард таҳти ҳеҷ шароите, аз ҳифзи амният ва манофеи миллии худ кӯтоҳ нахоҳад омад. Шамхонӣ бо баёни инки раисиҷумҳури Амрико ва мушовирони аҳмақаш тасаввур мекарданд бо террори сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, ҷабҳаи муқовиматро дар минтақа дучори фурӯпошӣ мекунанд, тасреҳ кард, хуни сипаҳбуди шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш мӯҷиби инсиҷом ва тақвияти бештари ҷабҳаи муқовимат ва нафрати мардуми минтақа ва ҷаҳон аз Амрико шуд. Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳамчунин бо эъломи ҳимоят аз иқдомоти давлати Сурия дар поён додан ба ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар гуфт, ғорати нафти Сурия ва чаповули манобеи ин кишвар фоҷиаи дигаре аст, ки бо хурӯҷи комили Амрико аз минтақа метавон ба он поён дод.

Имод Хамис низ бо қадрдонӣ аз талоши камназир ва ҳимояти Ҷумҳурии исломӣ аз мардуми Сурия дар ҷанг бо терроризм гуфт, ҳадафи сипаҳбуди шаҳид Сулаймонӣ дифоъ аз мардуми мазлум дар баробари зулм ва тааддӣ Амрико, режими саҳюнистӣ ва низоми султа буд.

Нахуствазири Сурия афзуд, равобити Теҳрон ва Димишқ бояд бо густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ беш аз пеш тавсеа ёбад.