Сентябр 28, 2016 14:57 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ваҳдати миллати Эрон рамзи муваффақиятҳои байналмилалӣ

Раисҷумҳури исломӣ Эрон гуфт: Муваффақиятҳои Эрон дар арсаи байналмилалӣ ва музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ натиҷаи ваҳдат ва инсиҷоми мардум аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон имрӯз дар ҷамъи мардуми устони Қазвин гуфт: Имрӯз азамат ва ҷойгоҳи миллати Эрон барои ҳамаи ҷаҳониён равшан шуда ва нақши Эрон дар суботи минтақа ва ҷаҳон муборизаи ҷиддӣ бо терроризм инкор нашуданӣ аст .

Рӯҳонӣ бо ишора ба фишорҳо ва иттиҳомоти норавои қудратҳои ҷаҳонӣ ва муздурони минтақаии онҳо зидди мардуми Эрон ба баҳонаи дахолат дар умури дигарон ва сохти силоҳи ҳастаӣ тасреҳ кард: Сиёсати тарвиҷи эронҳаросӣ дар минтақа дигар харидоре надорад .

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар инки ҳеч қудрате наметавонад фанновариҳои пешрафтаро дар чанд кишвар мунҳасир кунад, афзуд: Пирӯзии миллати Эрон дар музокироти ҳастаӣ танҳо дифоъ аз ҳуқуқи Эрон набуд, балки ин пирӯзӣ дифоъ аз ҳуқуқи ҳамаи кишварҳои дар ҳоли пешрафт буд .