Январ 14, 2020 11:56 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Англия куркурона дар моҷароҷӯии террористии Амрико мушорикат мекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Англия тутивор аз Амрико пайравӣ мекунад ва куркурона дар моҷароҷӯии террористии Вашингтон дар минтақаи ғарби Осиё мушорикат мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон бомдоди сешанбе дар саҳифаи корбарии худ дар Твиттер бо ёдоварии расвоии Англия тавассути Амрико дар ҷанги Ироқ хатоб ба мақомоти Лондон таъкид кард, барои эҷоди тағйир, масири шарофатмандонаро дар пеш бигиред ва тибқи дастури додгоҳ, қарзи худро ба эрониён бипардозед.

Қарзи 450 миллион фунтии Англия ба Эрон марбут ба қарордоди фуруши 1500 танкаи Chieftain ва 250 худрави зиреҳӣ ба Эрон дар солҳои 1974 ва 1976 аст.

Девони байналмиллалии додгустарӣ дар соли 2001 тарафи англисиро маҳкум ба пардохти қарз ва хасоратҳои бархоста аз он карда, аммо Лондон то кунун тааҳудоташро амалӣ накардааст.