Январ 15, 2020 19:28 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Эрон бо нахуствазири Ҳинд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар Ҳинд ҳузур дорад, рӯзи чаҳоршанбе бо нахуствазири ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Дар дидори Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд дар хусуси равобити дуҷониба, ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, бавижа дар ҳавзаи энержӣ, ҳамкорӣ дар Чобаҳор ва муҳимтарин мавзӯоти минтақаӣ ва байналмилалӣ ройзанӣ шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон барои ширкати нишасти солонаи гуфтугӯҳои “Райсина” -и Ҳинд асри дирӯз (сешанбе) вориди Деҳлии Нав шуд.

Зариф имрӯз (чаҳоршанбе) ҳамчунин илова бар суханронӣ дар ин нишаст, бо Оҷит Дуал, мушовири амнияти миллии Ҳинд ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон ва Урмас Рейнсалу, вазири умури хориҷаи Эстония дар бораи муҳимтарин таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Панҷумин давраи нишасти солонаи гуфтугӯҳои “Райсина” аз дирӯз (сешанбе) дар Деҳлии Нав оғоз шудааст ва то фардо (панҷшанбе) идома дорад.

Дар нишасти солонаи гуфтугӯҳои “Райсина” дар Ҳинд 700 ҳайат аз 103 кишвар, аз ҷумла шахсиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷаҳон ҳузур доранд.