Сарлашкар Саломӣ: Мубориза алайҳи Амрико бо шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ ҷаҳонӣ шуд
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни ин ки тавтеаи амрикоиҳо ҳамеша бар асари хатоҳои худи онҳо бо шикаст рӯ ба рӯ мешавад, таъкид кард, мубориза алайҳи Амрико бо шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ҷаҳонӣ шуд.
Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар кунгураи сардорон ва 2 ҳазору 121 шаҳиди устони Бушеҳр гуфт, амрикоиҳо фикр мекарданд миллати Эрон бо таҳдид аз аҳдофи худ ақибнишинӣ мекунад, аммо бо посухи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ҳеймана(убуҳат)-и амрикоиҳо шикаста шуд.
Сарлашкар Саломӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳоҷуми ҳамаҷонибаи душманон алайҳи Эрон ёдовар шуд, ҷумҳурии исломӣ акнун ба унвони як қутб ва меҳвар дар муодилоти сиёсии минтақа ва ҷаҳон шинохта шудааст.
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба ҳузури миллионии мардуми Эрон дар маросими видоъи сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ таъкид кард, ин маросими бошукӯҳ баёнгари танаффури мардуми Эрон аз сиёсатҳои мухарриби давлати Амрико аст.
Сипаҳбуд Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки севуми январ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноибраиси Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.
Дар маросими бадрақаи пайкари сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар шаҳрҳои Аҳвоз, Машҳад, Теҳрон, Қум ва Кирмон 25 миллион нафар ҳузур доштанд.