Январ 16, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Миллати Эрон дар баробари тавтеаҳо ва таҳримҳои Амрико қавитар шудааст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки амрикоиҳо барномарезии ғалат ва иштибоҳеро зидди Эрон дар пеш гирифтаанд, гуфт: Миллати Эрон дар баробари тавтеаҳо ва таҳримҳои Амрико мустаҳкамтар ва қавитар шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар 59-умин Маҷмаи умумии Бонки Марказӣ бо таслияти шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳ нирӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ афзуд, шаҳодати ин фармондеҳи низомӣ тавассути террористҳои амрикоӣ кулли минтақаи ғарби Осиёро таҳти таъсир қарор дод ва ҳамаи мусулмонон аз Кашмир то Африқо дар фироқи ин фармондеҳи воломақом ибрози ҳамдардӣ ва азодорӣ карданд.

Рӯҳонӣ бо баёни инки камтар кишваре аст, ки ҷуръат кунад пойгоҳи низомиёни Амрикоро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор диҳад, афзуд: Эрон пас аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ҳамлаи мушакӣ кард ва Трамп маҷбӯр ба ақибнишинӣ аз таҳдид зидди Эрон шуд.

Вай тасреҳ кард, барномарезии комилан ғалат ва иштибоҳи Амрико дар минтақаи ғарби Осиё барои ҳамагон равшан шуд, дар ҳоле, ки миллати Эрон қавитар ва мустаҳкамтар дар баробари тавтеаи Амрико ва муттаҳидони минтақаии ин кишвар истодааст.

Рӯҳонӣ ба фишорҳо ва таҳримҳои Амрико зидди Эрон низ ишора кард ва гуфт, касоне, ки қаблан бо Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ҳамкорӣ мекарданд ва имрӯз аз давлати ин кишвар канорагирӣ кардаанд, изъон мекунанд, ки Трамп барои ҳамаи дунё аз Аврупо гирифта то Мексика ва Уқёнуси Ором ва ҳатто худи Амрико мушкил эҷод кардааст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин ба хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶОМ ишора кард ва гуфт, Эрон пас аз хурӯҷи ғайри қонунии Амрико аз БарҶОМ ба тааҳҳудоташ амал кард ва мӯҷиб шуд ҳамаи кишварҳо хурӯҷи Трамп аз БарҶОМ-ро маҳкум кунанд.

 

 

Барчасп