Январ 18, 2020 14:53 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби густардаи баёноти Раҳбари муаззами инқилоб дар расонаҳои Покистон

Баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон , аз суи расонаҳои покистонӣ ба таври густарда пушиш дода шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , рӯзномаи покистонии Экспресс , рӯзи шанбе навишт ; Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар хутбаи намози ҷумъаи Теҳрон аз  ташйиъи миллионии пайкари шаҳид сардор сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ ва ҳамлаи Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ ба унвони Явмуллоҳ ном бурданд.

Рӯзномаи Ҷанг низ ба баёноти Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи тавофуқи ҳастаӣ ва интиқод аз кишварҳои аврупоӣ пардохт ва навишт ; Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ,аврупоиҳоро аз мавзуи БАРҶОМ ғайри қобили эътимод донистанд.

Ба навиштаи ин рӯзнома , Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ терори буздилонаи сардор сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар Бағдодро мояи рӯ сиёҳии Амрико унвон карданд.

Рӯзномаи Дон ,низ баёноти Раҳбари муаззами инқилобро бо титри Трамп масхарабозе аст ,ки тазоҳур ба ҳимоят аз мардуми Эрон мекунад, бозтоб дод ва ҳушдор ишон ба кишварҳои аврупоиро ,ки шумо ҳақиртар аз он ҳастед ,ки миллати Эронро ба зону дар биёваред барҷаста кард.

Дон навишт ; Амрико бо терори фармондеҳи зидди терорризми минтақа , чеҳраи терорристии худро нишон ва сардор сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ ро буздилона ва ба таври ғайримустақим на дар майдони набард, терор кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи гузашта дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон , зарбаи Сипоҳи Посдорони инқилоби исломии Эрон ба  шукуҳи Амрикоро муҷиби беобрӯии амрикоиҳо хонданд ва фармуданд ; ин зарбаи мустаҳками ҳайсиятӣ, бо ҳеҷ чизе ҷуброн намешавад ва афзоиши таҳримҳо ,ки ин рӯзҳо амрикоиҳо аз он ҳарф мезананд,обрӯи аз даст рафтаи онҳоро барнагардонад.