Январ 18, 2020 17:25 Asia/Dushanbe
  • Футболи Эрон аз лигаи қаҳрамонони Осиё канора гирифт

Намояндагони футболи Эрон дар вокуниш ба тасмими сиёсии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) бар асоси бозии намояндагони футболи Эрон дар кишвари бетараф, аз лигаи қаҳрамонони Осиё канорагирӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; тимҳои Истиқлол, Персполис, Сипоҳон ва Шаҳри худрав, ки қарор буд ба унвони намояндагони футболи Эрон дар лигаи қаҳрамонони Осиё ширкат кунанд эълом карданд, зери бори тасмими золимонаи AFC, ки бо фазосозӣ ва ҷавсозӣ алайҳи амнияти Эрон аст нахоҳад рафт.

AFC  дар номае ба Федератсияи футболи Эрон эълом кардааст, ки Кумитаи иҷроӣ қасд дорад бозии тимҳои эронӣ ё ҳарифонро дар кишвари бетараф баргузор кунад.

Баҳонаи ин тасмими ҷанҷолии AFC ноамнӣ дар Эрон унвон шудааст.

Барчасп