Омода шудани моҳвораи эронии Зафар барои қарор гирифтан дар мадор
Марҳилаҳои тарроҳӣ ва сохти моҳвораи бумии Зафар тавассути Донишгоҳи илму саноати Эрон ба поён расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намунаи муҳандисии моҳвораи миллии Зафар ба сифориши Созмони фазоии Эрон тарроҳӣ ва сохта шуда, ки қарор аст фардо якшанбе ба Вазорати иртиботот ва технологии иттилооти Эрон таҳвил дода шавад, то муқаддамоти лозим барои қарор гирифтан дар мадори ниҳоӣ сурат гирад.
Ин моҳвора пас аз моҳвораи Навид, ба унвони дуввумин тарҳи фазоӣ дар дастури кори Донишгоҳи илму саноати Эрон қарор гирифтааст.
Муқоисаи ин ду моҳвора нишон медиҳад, ки технологии камераҳо дар моҳвораи Зафар, панҷ баробар боло бардошта шуда ва ду баробар шудани диққати контрол ва афзоиши беш аз 15 баробарии нархи ирсоли додаҳои тасвирӣ аз дигар фоидаҳо ва мазиятҳои моҳвораи Зафар аст.
Моҳвораи эронии Зафар дорои камераҳои рангӣ ва қодир ба тасвирбардорӣ аз сатҳи замин аст.
Тасовири моҳвораи Зафар метавонад дар поиши захираҳои нафт, конҳо, баррасии ҷангалҳо, баррасии заминҳои шур ва қалиёнӣ, баррасии маразҳо ва офатҳои гиёҳӣ ва истифода аз тасвирҳо барои баррасии буҳронҳои табиӣ ба кор гирифта шавад.
Ин моҳвора қарор аст дар баландии 530 километрии мадори замин қарор гирад.