Январ 20, 2020 12:04 Asia/Dushanbe
  • Оғози мусобиқоти ҷаҳонии варзишҳои зӯрхонаӣ ва паҳлавонӣ дар Эрон

Севвумин давраи мусобиқоти ҷаҳонии варзишҳои зӯрхонаӣ ва паҳлавонӣ имрӯз дар шаҳри Буҷнурд маркази вилояти Хуросони Шимолии Эрон оғоз шуд.

Ба нақл аз ИСНО, дар ин давра аз мусобиқаҳои 100 варзишкор аз 21 кишвари ҷаҳон дар бахшҳои варзиши зӯрхонаӣ ва куштии паҳлавонӣ рақобат хоҳанд кард.

Ҳамзамон бо баргузории мусобиқаҳои ҷаҳонии варзишҳои зӯрхонаӣ, мусобиқаи чандҷонибаи куштии паҳлавонии Ҷоми сулҳу дӯстӣ низ имрӯз ва фардо баргузор мешавад.

Марҳилаи ниҳоии ин давр аз мусобиқот низ ҳамзамон бо маросими поёнии мусобиқоти ҷаҳонии варзишҳои зӯрхонаӣ хоҳад буд.