Январ 22, 2020 13:32 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони мусобиқоти ҷаҳонии зӯрхонаӣ шуд

Паҳлавонони эронӣ унвони қаҳрамонии бахши зӯрхонаии мусобиқоти ҷаҳонии куштии паҳлавонӣ ва зӯрхонаиро ба номи худ сабт карданд.

Дар ин мусобиқот, ки аз ду рӯз пеш дар шаҳри Буҷнурд - маркази устони Хуросони Шимолӣ  (шимоли Эрон) ва дар ду бахши варзишҳои зӯрхонаӣ ва куштии паҳлавонӣ оғоз шудааст, пас аз Эрон, тими миллии зӯрхонаии Ироқ мақоми дуввумро касб кард ва кишварҳои Озарбойҷон ва Афғонистон ба сурати муштарак дар ҷойгоҳи севвум қарор гирифтанд.

Рақобатҳои ҷаҳонии зӯрхонаӣ дар риштаҳои милбозӣ, чархи тез, кабади ва мили сангин баргузор шуд.

Ин мусобиқот дар бахши куштии паҳлавонӣ ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп