Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон: Ҳунари эрониён гузар аз "Ҳафтхон" аст
(last modified Wed, 22 Jan 2020 09:36:11 GMT )
Январ 22, 2020 14:36 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон: Ҳунари эрониён гузар аз

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар паёме таъкид кард, ки силоҳҳои ҷадид ва зебо дар осори фарҳангӣ ва мероси башарӣ ҷое надорад.

Ба нақл аз Спутник, Сайидаббоси Мӯсавӣ дар твити худ навишт: Силоҳҳои ҷадид ва зебо, дар осори фарҳангӣ ва мероси башарӣ коромад нест ва миллатҳоро бояд аз фарҳангашон шинохт на ба артиши модернашон.

Мӯсавӣ бо ишора ба фаро расидани солрӯзи мелоди Ҳаким Абулқосими Фирдвасӣ, шоир ва ҳамосасарои бузурги эронӣ афзуд: "Номварнома"-и ҳаким Фирдавсӣ, таборномаи Эрон аст.

 Ҳунари эрониён гузар аз "Ҳафтхон" аст ва неиёгони мо дар низои каҷӣ ва ростӣ, ба ростӣ гароидаанд.