Январ 22, 2020 17:05 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Душманон аз қудрати мардумӣ ва фарҳангии Эрон ҳарос доранд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки душманон аз қудрати мардумӣ ва фарҳангии Эрон ҳарос доранд, гуфт, мардуми Эрон шикастнопазир ҳастанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо таъкид бар ин ки ҳеҷ қудрате болотар аз ҳузур, истодагӣ, фидокорӣ ва иттиҳоди мардум вуҷуд надорад, афзуд: Мардуми Эрон ҳамвора бо эсор ва фидокорӣ, дар масоилу ҳаводиси мухталиф дар канори ҳам будаанд.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки имрӯз қудрати миллӣ бояд беш аз ҳар замони дигаре мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, изҳор дошт, қудрати миллӣ таркибе аз қудрати фарҳангӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсӣ аст ва ин чаҳор қудрат бояд дар таомул бо якдигар қарор бигиранд то битавон дар масири дуруст ҳаракат кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо таъкид бар лузуми таваҷҷуҳ ба тақвияти ҳавзаи туризм ва гардишгарӣ гуфт, Эрон метавонад бо таваҷҷуҳ ба бархурдорӣ аз амният ва осори таърихӣ, танаввӯи иқлимӣ ва зебоиҳои табиӣ, болотарин даромадро аз лиҳози туризм дошта бошад.

Рӯҳонӣ ба аҳамияти интихоботи ояндаи Эрон низ ишора кард ва гуфт, касоне, ки дар Кохи Сафед нишастаанд, наметавонанд барои миллати Эрон тасмим бигиранд, балки ин мардум ҳастанд, ки дар кохи имони муқовимат ва рӯҳияи баландашон тасмимгирӣ мекунанд.

21 феврали 2020 интихоботи даври ёздаҳуми Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар 208 ҳавзаи интихобияи саросари кишвар барои интихоби 290 намояндаи маҷлис ва нахустин миёндавраии даври панҷуми маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар 5 ҳавзаи интихобияи Теҳрон, Форс, Хуросони Шимолӣ, Хуросони Разавӣ ва Қум баргузор хоҳад шуд.