Январ 23, 2020 16:50 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти мизбонӣ ба намояндагони футболи Эрон дар Осиё

Масъулони Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тазмин доданд, тимҳои эронӣ (“Истиқлол”, “Персеполис”, “Сипоҳон” ва “Шаҳри худрав”) дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони футболи Осиё дар замини худ мизбони руқабо бошанд.

Дар нишасти имрӯзи намояндагони футболи Эрон бо Виндсор Ҷон, дабири кулли Конфедератсияи футболи Осиё дар Малайзия муқаррар шуд, тимҳои эронӣ дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё дар бозиҳои рафт меҳмони руқабо бошанд, аммо бозиҳои баргашт ба мизбонии Эрон баргузор шавад. AFC ин тазминро додааст, ки то шурӯи даври баргашт Эрон битавонад мизбонии мусобиқотро бар уҳда бигирад.

Конфедератсияи футболи Осиё 17 январ бо ирсоли номае ба Федератсияи футболи Эрон аз салби мизбонии бошгоҳҳои эронии ҳозир дар Лигаи қаҳрамонон ва бозии онҳо дар кишвари дигаре хабар дода буд, ки ин тасмим бо вокуниши зиёди дӯстдорони футбол рӯ ба рӯ шуд. Масъулони варзиш ва мудирони чаҳор бошгоҳи эронии ҳозир дар Лигаи қаҳрамонони Осиё дар мавзеи расмие эълом карда буданд, агар қарор бошад, кишвари бетарафе мизбони тимҳо дар Лигаи қаҳрамонони Осиё бошад, аз ҳузур дар ин мусобиқот инсироф медиҳанд.

 

Барчасп