Аврупоиҳо тавони истодан дар баробари Трампро надоранд
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо ҳафтаномаи олмонии "Spiegel", ки рӯзи шанбе мунташир шуд, бо баёни ин воқеият, ки аврупоиҳо тавони истодан дар баробари Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрикоро надоранд, гуфт,"итоати бечуну чарои аврупоиҳо аз Амрико як фоҷиа аст".
Зариф дар ин мусоҳиба ҳамчунин бо ишора ба иқдоми эҳтимолии се кишвари аврупоии(Олмон, Англия ва Фаронса) дар истифода аз механизми ҳалли ихтилоф дар БарҶОМ тасреҳ кард, аврупоиҳо фоқиди далоили қонунӣ барои тавассул ба чунин созу коре ҳастанд. Зариф бо баёни инки Русия ва Чин дар ин маврид бо Эрон ҳамназар ҳастанд, хотирнишон кард, аврупоиҳо бояд худро омодаи як набарди бузург кунанд.
Механизми ҳалли ихтилоф, бахши ниҳоӣ аз созу кори ҳалли ихтилоф зайли БарҶОМ аст, ки метавонад қатъномаҳои пешини СММ-ро, ки бар асоси қатъномаи 2231 таълиқ шуда буданд, бозгардонад.
Кишварҳои аврупоӣ дар ҳоле ҳадафи худ аз фаъол кардани механизми мошаро бозгашти Теҳрон ба тааҳҳудоти БарҶОМ-иаш унвон мекунанд, ки беш аз як сол аст бо вуҷуди инки Эрон бар асоси мафоди БарҶОМ, гомҳои панҷгонаеро дар коҳиши тааҳҳудоти ҳастаии худ бардоштааст, ҳеҷ тағйире дар сиёсатҳои худ надодаанд. Эрон борҳо эълом кардааст, ки ба иҷрои тааҳҳудоти худ дар БарҶОМ пойбанд будааст. Ин мавзӯро ҳам Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва ҳам кишварҳои аврупоӣ дар бозаҳои замонии мутафовит, дар гузоришҳо ва баёнияҳои расмӣ таъйд кардаанд.
Албатта аврупоиҳо нигарони авоқиби ин тасмими худ низ ҳастанд ва ба ҳамин иллат феълан мавзӯро ба комиссияи муштараке ирҷоъ додаанд, ки масъули расидагӣ ба ихтилофи тарафайн аст.
Абдурризо Фараҷирод, устоди геополотика, мӯътақид аст, фаъолсозии ин механизм ба маънои кашондани парвандаи Эрон ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва бозгашти таҳримҳо нест, балки аврупоиҳо мехоҳанд музокиротеро бо Эрон оғоз кунанд, албатта музокироте, ки вай онро"ҳамроҳ бо чошнии таҳдид тавсиф кардааст".
Изҳороти Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё дар гуфтугӯ бо шабакаи "ББС", ки аз ҷойгузинии БарҶОМ бо «тавофуқ»-и Трамп сухан гуфт, таъйидкунандаи ҳамин дидгоҳ аст.
Ин иқдоми кишварҳои аврупоӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки иллати тасмими Эрон; Вокунише нисбат ба мавозеъи инфиолии се кишвари аврупоии тарафи тавофуқи ҳастаӣ дар муҳаққақ кардани манофеи иқтисодии Эрон дар чорчӯби БарҶОМ, будааст. Эрон панҷуми январ, панҷумин гоми костан аз тааҳҳудоти ҳастаии худро бардошт. Бар ин асос барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон дигар бо ҳеҷ маҳдудияте дар ҳавзаи амалиётӣ шомили зарфияти ғанисозӣ, дарсади ғанисозӣ, мизони маводи ғанишуда ва таҳқиқ, тавсеа мувоҷиҳ нест ва барномаи ҳастаии Эрон сирфан бар асоси ниёзҳои фаннии худ пеш хоҳад рафт.
Акнун аврупоиҳо бар сари ду роҳии мондани дар БарҶОМ ва ё хурӯҷ оз он ҳамонанди Амрико қарор гирифтаанд, дар ҳоле, ки ба таври ҷиддӣ нигарони табаоти иқдомоти тақобулии Эрон ҳастанд. Ҳарчанд, ки посухи мутақобили Эрон ҳаргиз дар ҷиҳати таҳдидсозӣ набуда ва нахоҳад буд, балкӣ Эрон дар чорчӯби ҳуқуқи машрӯи худ амал хоҳад кард. Чунон, ки вазири умури хориҷаи Эрон дар бахше аз мусоҳибааш бо "Spiegel" ва дар посӯх ба пурсише дар бораи таҳдиди Эрон барои хурӯҷ аз Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) гуфт, "хурӯҷи Эрон аз NPT ба маънои сохти бомби атом нест, зеро Ҷумҳурии исломӣ бар асоси масоили ахлоқӣ ва эътиқодӣ аслан ба думболи сохти бомби атом нест."
Зариф дар идомаи мусоҳибааш ба террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ тавассути Амрико низ ишора кард ва афзоиши таниш дар минтақаро ба далели иқдоми террористии Амрико дар ба шаҳодат расондан сардор Сулаймонӣ унвон кард ва афзуд: Амрико посӯхи ин ҳамлаи террористиро аз мардуми минтақаи ғарби Осиё хоҳад гирифт. Зариф ёдовар шуд: Амрико, Аврупо ва ҳамаи ҷомеаи байналмилалӣ, нобудии ДИИШ-ро мадюни сардор Сулаймонӣ ҳастанд. Дар ҳар ҳол тасмими сиёсии аврупоиҳо дар қиболи БарҶОМ ин тавофуқи ношӣ аз чандҷонибагароиро ба вартаи якҷонибагароӣ суқ додааст. Аврупоиҳо муддаӣ ҳастанд, ки барои ҳифзи БарҶОМ ин тасмимро гирифтаанд, аммо шавоҳид нишон медиҳанд, ки ин рафтори Аврупо натиҷаи таслимпазирӣ дар муқобили Амрикост. Чунон ки Зариф ин ҳамсӯиро итоати бечуну чарои аврупоиҳо аз Амрико ва мисдоқи як фоҷиа донист.