Генерал Саломӣ: Амрико аз таҳдиди фармондеҳони Сипоҳи посдорон пушаймон мешавад
(last modified Mon, 27 Jan 2020 13:27:40 GMT )
Январ 27, 2020 18:27 Asia/Dushanbe
  • Генерал Саломӣ: Амрико аз таҳдиди фармондеҳони Сипоҳи посдорон пушаймон мешавад

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар инки Амрико бояд муроқиби иқдомоташ бошад, гуфт, онҳое, ки фармондеҳон эрониро ба террор таҳдид кардаанд, агар зинда бимонанд қатъан пушаймон хоҳанд шуд.

Генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи душанбе дар вокуниш ба таҳдиди фармондеҳони Сипоҳи посдорон аз сӯи амрикоиҳо, гуфт, душманони Ҷумҳурии исломӣ бидонанд, агар фармондеҳони эрониро таҳдид ба террор кунанд, ҷони ҳеҷ фармондеҳе аз онҳо дар амон нахоҳад буд.

Генерал Саломӣ таъкид кард, агар душманон бихоҳанд ба иқдомоти мухарриби худашон идома диҳанд, бо шароите рӯбарӯ мешаванд, ки қодир ба мудирият ва контроли он нестанд.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, нокомии амрикоиҳо алайҳи Эрон дар арсаҳои мухталифро иллати ин таҳдидҳо донист ва гуфт, онҳо дар арсаҳои низомӣ нотавон ва дар арсаи таҳримҳои иқтисодӣ низ бо нокомӣ мувоҷиҳ шуданд.

Генерал Саломӣ бо баёни инки иқдом ба террор баёнгари моҳияти режими Амрико аст, ёдовар шуд, вақте Амрико натавонист Эронро дар дастёбӣ ба фанновариҳои сулҳомези ҳастаӣ маҳрум кунад, ба террори донишмандони ҳастаии Эрон, рӯй овард ва вақте ҳам дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва низомӣ ҳам ноком мешавад, чораро дар террор мебинанд.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон таъкид кард, Амрико, режими саҳюнистӣ ва режимҳои муттаҳид ва муттакӣ бар онҳо асосан режимҳои террор ҳастанд ва акнун маҷбӯр шудаанд, ин воқеиятро комилан ошкор кунанд.

Генерал Саломӣ афзуд, ҷинояти амрикоиҳо дар террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва таҳдид ба террори сардори сартип Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи ҷадиди нирӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, бахши муҳимме аз ин воқеият аст, ки Амрико ва режими саҳюнистӣ, режимҳои террор ҳастанд.