Январ 28, 2020 16:47 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Истодагии мардуми минтақа омили шикасти тавтеаҳои Амрикост

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, истодагӣ ва муқовимати мардуми Эрон ва соири кишварҳои минтақа омили шикасти тавтеаҳои Амрико дар минтақаи ғарби Осиё будааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар маросиме дар Теҳрон бо ишора ба пешрафтҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаҳои мухталиф бо вуҷуди шароити таҳрим ва иқдомоти мухарриби режими кунунии Амрико дар минтақаи ғарби Осиё афзуд, давлати дағалкор ва террористи кунунии Амрико, ки бадтар аз тамоми давлатҳои таърихи ин кишвар аст, бо иқдомоти худ барои мардуми ҷаҳон, муттаҳидон, дӯстон ва ҳатто мардуми худаш низ мушкилоте эҷод кардааст. Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Амрико бо иддаои тамаддун, демократия ва ҳуқуқи башар ба мардуми минтақа зулм мекунад, тасреҳ кард, ҳукумате, ки ҳамакунун дар Амрико ба қудрат расидааст, на танҳо ба миллати Эрон, балки ба соири миллатҳои минтақа, аз ҷумлаи Ироқ, Афғонистон, Яман, Сурия ва Лубнон низ зулм мекунад ва камтар кишваре дар минтақа вуҷуд дорад, ки сояи зулму ситами онҳоро надида бошад. Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, дар рӯзҳое, ки душманон чашми тамаъ ба Эрон доштанд, мардуми ин кишвар якпорча ба саҳна омада, истодагӣ ва муқовимат карданд ва имрӯз низ пас аз шадидтарин таҳримҳову фишори иқтисодӣ мардуми Эрон диловарона истодагӣ ва муқовимат мекунанд.