Январ 29, 2020 22:01 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар муқобилаи кишварҳои исломӣ бо тарҳи “Муомилаи қарн”  

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон муқобила бо тарҳи тақаллубии “Муомилаи қарн” ва ҳалли буҳрони Фаластин бо ҳимоят аз ҳамапурсӣ ва истифода аз дипломатияи порлумониро хостор шуд.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон рӯз чаҳоршанбе бо ирсоли номае ба раисони парлумонҳои кишварҳои исломӣ, бо эъломи инзиҷор аз иқдоми раисҷумҳури Амрико дар эъломи рӯнамоӣ аз тарҳи ҷаълии “Муомилаи қарн”, бар муқобилаи фаврии кишварҳои исломӣ бо ин тарҳ ва ҳалли буҳрони Фаластин таъкид кард.

Лориҷонӣ бо эъломи ин ки рӯнамоӣ аз тарҳи “Муомилаи қарн”, ки ноқизи куллияи тавофуқҳо, қавонин ва қатъномаҳои байналмилалӣ, маншури Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Араб ва Созмони Ҳамкории Исломӣ дар бораи ҳалли масъалаи Фаластин аст, гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сабти тарҳи демократӣ ва сиёсии баргузории ҳамапурсӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ бо мушорикати сокинони аслии он, назди Созмони Милали Муттаҳид, бурунрафт аз буҳрони феълӣ ва ҳалли одилонаи қазияи Фаластинро ҳаққи миллати мазлум ва бедифои Фаластин донистааст.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон аз раисони маҷолиси кишварҳои исломӣ хост то дар ҷиҳати муқобила бо тарҳи ҷаълии “Муомилаи қарн” талоши лозимро дошта ва бо ҳимоят аз тарҳи баргузории ҳамапурсӣ ва истифода аз зарфияти дипломатияи парлумонӣ ба раванди ҳалли буҳрони Фаластин беш аз пеш кумак намоянд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе ҳамроҳ бо Бенямин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Кохи Сафед ҳозир шуд ва тарҳи созиши худ мавсум ба “Муомилаи қарн”-ро эълом кард.

Ин тарҳ шомили замима шудани комили Қудс ва шаҳракҳои мавҷуд дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба режими саҳюнистӣ ва нодида гирифтани ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ аст. Ҳамаи гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои фаластинӣ мухолифати ошкори худро бо ин тарҳ эълом карданд.