Январ 30, 2020 10:58 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи муомилаи қарн; зарурати иттиҳоди исломӣ барои дифоъ аз Фаластин

Эрон ба унвони ҳомии воқеии масъалаи Фаластин ҳамзамон бо эъломи Тарҳи муомилаи қарн аз сӯи раиси ҷумҳури Амрико, ройзанӣ ва машваратҳои депломатики худро бо ҳадафи муқобила бо ин тарҳи зидди фаластинӣ дучандон кардааст.

Пас аз ин ки Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе дар иқдоме сирфан сиёсӣ аз Тарҳи муомилаи қарн дар Вашингтон рӯнамонӣ кард, Аббоси Мусавӣ сухангӯи Вазорати хориҷа ва Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон, бар ваҳдати кишварҳои исломӣ ва иттихози роҳкоре муштарак барои мубориза бо ин тарҳи амрикоӣ таъкид карданд.

Мусавӣ дар Твиттер омодагии Эронро барои гуфтугӯ бо дигар кишварҳои исломӣ дар ҳар сатҳе барои муқобила бо тавтеаи қарн эълом кард ва гуфт, тавтеаи азиме пушти сари ба истилоҳ Тарҳи муомилаи қарн наҳуфтааст.

Алии Лориҷонӣ ҳам рӯзи чаҳоршанбе бо ирсоли номае ба раисони маҷлисҳоим кишварҳои исломӣ ва ройзании телефонӣ, аз онҳо хост то барои муқобила бо Тарҳи муомилаи қарн ҳамкорӣ кунанд ва гуфт, тарҳи демократик ва сиёсии Эрон яъне баргузории ҳамапурсӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ бо мушорикати сокинони аслии он ба ҳалли одилонаи масъалаи Фаластин ва дифоъ аз ҳаққи миллати фаластиниён мунҷар мешавад.

Фаластин ва Қудси шариф, масъалаи аслӣ ва нахусти ҷаҳони ислом аст ва кишварҳои исломӣ бо вуҷуди бархе ихтилофи назарҳои сиёсӣ ба ҳамкорӣ ва иттиҳод дар баробари Тарҳи муомилаи қарн ниёз доранд; тарҳе, ки ба таври мустақим қиблаи нахусти мусулмононро ҳадаф қарор додааст.

Яҳудисозии комили Қудси шариф ва эъломи пойтахтии ин шаҳри таърихӣ ва исломӣ барои режими Исроил дар Тарҳи муомилаи қарн нишон аз тавтеаи ошкори амрикоӣ-саҳюнистии зидди мусулмонон дорад ва дар чунин шароите иттиҳод ва ҳамкории миллат ва давлатҳои исломӣ зарурӣ аст.

Тарҳи муомилаи қарн, ки ҳастӣ ва зиндагии фаластиниёнро дар сарзамини модарии худ ҳадаф қарор дода, бо Маншури Миллали Муттаҳид ва қатъномаҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи Фаластин фарқ дорад.

Ин тарҳ, ки навъе муомилаи байни Доналд Трамп ва Бенямин Натанияҳу аст ва тарафи фаластиниро ба унвони соҳибони аслии сарзамини худ ба расмият намешиносад, сирфан маънои сиёсӣ дорад, чаро ки Трамп ва Натанияҳу ҳар ду бо буҳрони дохилӣ ру ба ру ҳастанд.

Дар ҳамин замина пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Бломберг рӯзи ҷаҳоршанбе навишт, Муомилаи қарн тарҳер барои кумак ба Натанияҳу ва Трамп аст; Трамп ҳавосҳоро аз истезоҳ парт мекунад ва Натанияҳу ҳам дар остонаи интихоботи парлумонӣ бо чанд иттиҳоми қазоӣ ру ба ру аст.

Тарҳи муомилаи қарн нишон медиҳад ҳуқуқ ва мувофиқати фаластиниҳо бо ин тарҳ барои раиси ҷумҳури Амрико ва нахуствазири режими Исроил ҳадафи дуввум аст ва ба ҳамин сабаб чашми худро бар қатъномаҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми Фаластин бастаанд.

Дар чунин шароите дифоъ аз ҳуқуқ, сарзамини модарии фаластиниён, бозгашти оворагони фаластинӣ ва саросари Қудс ба унвони пойтахти Фаластин, масъулияти аслии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вижа кишварҳои исломӣ аст, то аз машруият ва соҳибони аслии сарзаминҳои Фаластин дар маҷмаъҳои ҳуқуқӣ ҳимоят ва роҳкори қонунии наве пешниҳод кунанд.

Барчасп