Оғози даҳаи Фаҷри инқилоби исломӣ гиромӣ бод
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i50459
Дувоздаҳуми баҳманмоҳи соли 1357 ( аввали феврали 1979) солрӯзи вуруди пурбаракати ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) ба меҳани исломӣ аст, вуруди мубораке, ки аз паси он солҳои таҳаммули сахтӣ ва ғаму андуҳ рақам хӯрд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 31, 2020 22:26 Asia/Dushanbe
  • Оғози даҳаи Фаҷри инқилоби исломӣ гиромӣ бод

Дувоздаҳуми баҳманмоҳи соли 1357 ( аввали феврали 1979) солрӯзи вуруди пурбаракати ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) ба меҳани исломӣ аст, вуруди мубораке, ки аз паси он солҳои таҳаммули сахтӣ ва ғаму андуҳ рақам хӯрд.

Ҷаҳониён шоҳид буданд, ки чеҳраи мусаммами он пири сафаркарда на дар мавқеи шарафи нузул ба Эрони исломӣ, ки дар тамоми даврони қабл ва пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ҳаргиз ранги яъсу ноумедӣ ба худ нагирифт. Чеҳрае мусаммам, устувор, шуҷоъ ва иззатталаб, аммо саршор аз содагӣ ва дур аз такаллуф, ки симои як инсони илоҳии парваришёфта дар мактаби Қуръон ва аҳли байт (а) -ро ёдоварӣ менамуд.

Вуруди ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), яъне умед ба озодӣ, шурӯе дубора барои талош дар ҷиҳати диндории созандагӣ ва боландагӣ, воқифи раҳоӣ аз истибдод ва хафақони ситамшоҳӣ ва истикбори ҷаҳонӣ.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани айёмуллоҳи даҳаи Фаҷри инқилоби исломӣ дар Эронро ба  дӯстдорони инқилоби исломӣ дар саросари ҷаҳон табрик мегӯяд.