Феврал 01, 2020 11:56 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон ва муовини Вазорати умури хориҷаи Эрон дар Теҳрон

Сафири Тоҷикистон дар Эрон ва муовини Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон бо якдигар дидор ва гуфтугу карданд.

Ба нақл аз Форс, Низомиддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ва Ҳусейнҷон Ансорӣ, муовини Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дидор ва гуфтугу карданд.

Дар ин мулоқот масоили марбут ба робитаҳои консулии дуҷониба миёни Душанбе ва Теҳрон баррасӣ шуд.

Тарафҳо дар ин дидор бар зарурати ҳалуфасли мушкилоти мавҷуд таъкид карданд ,ки сабаби тақвияти робитаҳо миёни ду кишвар хоҳад шуд.