Феврал 02, 2020 12:41 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои каратеи АвруОсиё

Тими Эрон, унвони қаҳрамонии рақобатҳои каратеи АвруОсиё сабки Еншинро касб кард.

Ба нақл аз ИРНО, рақобатҳои каратеи АвруОсиё сабки Еншин аз рӯзи ҷумъа дар вилояти Албурз, ғарби Теҳрон, бо ширкати 450 варзишкори зану мард дар 2 бахши ката ва кумита оғоз шуд ва то шанбешаб идома дошт.

Еншин яке аз сабкҳои карате аст ва дар он техникаҳои дзюдо ва ҷобаҷоиҳои сумо (куштии бостонии Жопон) истифода мешавад, суръати амали боло дар ин сабк муҷиби боло бурдани суръати каратекор барои ҷобаҷоӣ мешавад.

Ширкаткунандагон аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Бангладеш ва Ироқ дар 2 бахши оқоён ва бонувон бо якдигар рақобат карданд.

Дар поёни ин давра аз рақобатҳо, дар бахши мардон тимҳои Эрон бо 185 имтиёз, Ироқ 35 имтиёз ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бо 15 имтиёз ба тартиб мақомҳои аввал то севвумро ба даст оварданд.

Ҳамчунин дар бахши бонувон, тими Эрон бо 125 имтиёз бар сакуи нахуст истод; тими Ҷумҳурии Озарбойҷон бо 45 имтиёз дуввум ва Ироқ бо 15 имтиёз севвум шуд.

Бартаринҳои ин мусобиқаҳо илова бар афзоиши ранкинги худ метавонанд дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, ки соли оянда дар Жопон баргузор мешавад ширкат кунанд.