Эрон дар ҷамъи 3 кишвари созандаи лазерҳои фавқи пешрафта
Эрон бо бумисозии дастгоҳи лазери фавқи пешрафтаи полси кутоҳи фемтосония, ба ҷамъи 3 кишвари созандаи лазерҳои фавқи пешрафта дар ҷаҳон пайваст.
Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, пажуҳишгарони эронӣ пас аз 6 сол кори таҳқиқотӣ ва бо ҳамкории як тими байналмиллалӣ, муваффақ ба сохту бумисозии датгоҳи лазери пешрафтаи полси кутоҳи фемтосония ва касби дониш ва технологии ин ҳавза аз дониш шуданд.
Бар асоси ин гузориш, ошкорсозӣ ва тайфсанҷии фавқи ҳассос, аксбардориҳои фавқи сареъ ва тавлиди мавҷҳои ҷодуӣ аз ҷумла корбурдҳои ин сомона аст.
Маҳдии Мусавӣ мудири омили ширкати донишбунёни тавлидкунандаи ин дастгоҳ, технологиҳо дар ҳавзаи фотоник баршуморд ва гуфт, яке аз авомили аҳамияти ин лазери фавқи пешрафта, полсҳои фавқи борики он (дар ҳадди 15 фемтосония) аст, ки муҷиби эҷоди тавоноӣ дар аксбардорӣ (дар ҳадди ба домандозии мулкулҳо) барои муҳаққиқон мешавад.
Мусавӣ бо ишора ба инҳисори сохти ин дастгоҳ дар чанд кишвари маҳдуд афзуд, бумисозии ин лазер ва технологии фавқипешрафта барои Эрон беш аз 50 ҳазор доллар арзоварӣ ба ҳамроҳ дошта бошад.
Ин муҳаққиқ бо баёни ин ки ҳамакнун тавлиди ин дастгоҳ ба марҳилаи анбуҳсозӣ расидааст афзуд, теъдоде аз ин дастгоҳи лазер ба кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва ҳамсояи Эрон содир шудааст.