Феврал 03, 2020 11:24 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии навҷавонони футзалисти эронӣ муқобили бузургсолони Тоҷикистон

Дидори тими футзали зери 20 соли Эрон баробари тими бузургсолони Тоҷикистон бо пирӯзии 3 ба 2 ба суди миллипушони эронӣ ба поён расид.

Ба нақл аз сойти расмии Федератсияи футбол, голҳои Эронро дар ин дидор Алии Иброҳимӣ (2 гол) ва Беҳрӯзи Азимӣ (як гол) ба самар расонданд.

Тими Тоҷикистон, ки худро барои ҳузур дар мусобиқаҳои қаҳрамонии Осиё 2020 омода кардааст, дар ин дидор намоиши бисёр хубе аз худ нишон дод, аммо навҷавонони Эрон муваффақ ба касби пирӯзии арзишманде баробари ин тими радаи синии болотар аз худ шуданд.

Ин нахустин бозии тими футзали зери 20 соли Эрон дар маҷмуаи бозиҳои радаи синнии бузургсолони Тайланд буд.

 

Барчасп