Феврал 03, 2020 14:42 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи муҷтамаи расидагӣ ба ҷаримаҳои иқтисодӣ дар Эрон

Муҷтамаи тахассусии расидагӣ ба ҷурмҳои иқтисодӣ дар Теҳрон субҳи имрӯз бо ҳузури раиси қувваи қазоияи Эрон ифтитоҳ шуд.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, муҷтамаи тахассусии расидагӣ ба ҷурмҳои иқтисодӣ ва сомонаи шаффофияти ин муҷтамаъ субҳи имрӯз ба баҳраварӣ расид.

Раиси қувваи қазоияи Эрон дар ин маросим гуфт, умедворем қувваи қазоия ҳаракати мутафовитеро ба дасти тавонои қазоват ва коркунони ин маҷмуа анҷом диҳад, то ба оромиши мардум кумак кунад ва бо коҳиши фасод ва раванди носолими иқтисодӣ, зариби итминонпазирӣ дар ҳавзаи иқтисодро боло бибарад.

Раисӣ дар ҳошияи рӯнамоӣ аз сомонаи шаффофияти муҷтамаи тахассусӣ вижаи расидагӣ ба ҷурмҳои иқтисодӣ низ гуфт, агар шаффофият иттифоқ бияфтад мо шоҳиди бисёре аз фирорҳои молиётӣ нахоҳем буд ва фарояндҳои як ҳаракати иқтисодӣ ҳамчун дарёфти арз, тавзеъ ва воридоти коло бояд шаффоф бошад.

Дар сомонаи шаффофият, номҳои мамнӯъулмуомилаҳо, қарздорони бонкӣ ва ҳамчунин ҳукмҳое, ки содир шуда ва болои дусад саҳифа аст дар дастраси умум қарор мегирад.