Феврал 04, 2020 12:51 Asia/Dushanbe
  • Фаҷри филмҳои эронӣ дар Туркманистон

Ҷашнҳои пирӯзии инқилоби исломии Эрон бо намоиши 10 филми синамоӣ дар Туркманистон оғоз шуд.

Ба нақл аз ИКНО, Маҷиди Комронӣ, сарпарасти ройзании фарҳангии Эрон дар Туркманистон дар ойини ифтитоҳияи ин барнома, тағйири режими 2500 солаи шоҳӣ дар Эрон ва ҷойгузинии он бо як низоми мардумсолор ва ҳамчунин ҳоким шудани усул ва мабонии динӣ бар идораи умури Эронро ду шохиси аслӣ ва мунҳасир ба фарди инқилоби исломии Эрон эълом кард.

Пуёнамоии Муборак нахустин асаре буд, ки барои мухотабон намоиш дода шуд ва муқаррар шуд бар асоси барномарезиҳо дар ин рӯзҳо, ҳаррӯз як асари синамоӣ аз Эрон то поёни даҳаи Фаҷр намоиш дода шавад.

Филмҳои ин руйдоди фарҳангӣ бо ҳамоҳангӣ ва ҳамкории Идораи кулли умури фарҳангӣ ва эрониёни хориҷ аз кишвар Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ таҳия ва ба Туркманистон ирсол шудааст.