Феврал 05, 2020 16:53 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: “Муомилаи қарн” қабл аз мурдани Трамп мемирад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки тарҳи Амрико мавсум ба “Муомилаи қарн” қабл аз мурдани Трамп мемирад, афзуданд: Роҳи муқобила бо ин тарҳ истодагӣ ва ҷиҳоди шуҷоъонаи миллат ва гурӯҳҳои фаластинӣ ва ҳимояти ҷаҳони Ислом аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи мардуми Эрон, бо ишора ба рӯнамоии зӯргӯён ва саргарданабигирони амрикоӣ аз тарҳи мавсум ба “Муомилаи қарн” гуфтанд: Амрикоиҳо дилашонро хуш кардаанд, ки бо гузоштани исми бузург, тарҳашон алайҳи миллати Фаластин муваффақ шавад, дар ҳоле ки ин кори онҳо аҳмақона ва хабисона аст ва аз ҳамин шурӯи қазия ба зарарашон тамом шудааст”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тарҳи мавсум ба “Муомилаи қарн”-ро нишонаи ошкоре аз дағалкории амрикоиҳо хонданд ва гуфтанд, амрикоиҳо бо саҳюнистҳо дар бораи чизе муомила кардаанд, ки мутааллиқ ба онҳо нест.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, истиқбол ва каф задани чанд тан аз сарони хоини араб, ки дар миёни миллатҳои худ низ беарзиш ва беобрӯ ҳастанд, аҳамияте надорад ва бар хилофи сиёсати собити дастгоҳи истикбор, яъне ба фаромӯшӣ супурдани масъалаи Фаластин, ин кори онҳо мӯҷиби зинда шудани масъалаи Фаластин шуд ва дар ҳамаи дунё ному мазлумияти Фаластин ва маҷмӯаҳои фаластинӣ бар сари забонҳо афтод.

Эшон бо ишора ба талоши мустакбирон барои пешбурди ин тарҳ бо такя бар силоҳ ва пул таъкид карданд: “Муътақидем, созмонҳои мусаллаҳи фаластинӣ хоҳанд истод ва муқовиматро идома хоҳанд дод ва низоми ҷумҳурии исломӣ низ вазифаи худро пуштибонӣ аз гурӯҳҳои фаластинӣ медонад. Бинобар ин ҳар гуна ва ҳар қадар, ки битавонад аз онҳо ҳимоят мекунад ва ин пуштибонӣ хости низоми исломӣ ва миллати Эрон аст”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ илоҷи аслии масъалаи Фаластинро роҳҳалли усулӣ, эъломшуда ва сабтшудаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар марокизи ҷаҳонӣ, яъне назархоҳӣ аз мардуми фаластиниасл хонданд ва гуфтанд: “Танҳо роҳ барои сулҳ ва ҳалли масъалаи Фаластин, назархоҳӣ аз мардуми фаластиниасл бо ҳар мазҳабе, иборат аз мусулмон, масеҳӣ ва яҳудӣ аст то бо раъйи умумии онҳо низоми мавриди назарашон бар саросари сарзамини Фаластин ҳоким шавад ва дар бораи Фаластин ва амсоли Натанёҳу ва дигарон низ худашон тасмимгирӣ кунанд”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён таъкид карданд: “Иншоаллоҳ ин ҳадаф муҳаққақ хоҳад шуд ва Шумо ҷавонон он рӯзро хоҳед дид ва ба тавфиқи илоҳӣ дар Байтулмуқаддас намоз хоҳед хонд”.

 

Матолиби муртабит:

Вокуниши Тоҷикистон ба иқдоми Трамп дар ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ

Байтулмуқаддас хостгоҳи мусулмонон, масеҳиён ва яҳудиён аст

Интиқоди сарусқуфи Байтулмуқаддас аз сукути ҷаҳонӣ дар қиболи ҷиноёти саҳюнистҳо