Феврал 05, 2020 17:23 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: истодагӣ ва ваҳдати мардуми Эрон омили шикасти тавтеаҳои Амрикост

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон истодагӣ ва ваҳдати мардуми Эронро омили шикасти тамоми тавтеаҳои Амрико алайҳи ҷумҳурии исломӣ донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо ишора ба нокомии Амрико дар ҳамроҳ кардани аврупоиҳо барои хуруҷ аз БарҶом гуфт, Кохи Сафед барои убур аз тавофуқи ҳастаии БарҶом мехост аврупоиҳоро бо худаш ҳамроҳ кунад, аммо онҳо зери бор нарафтанд ва бо Амрико ҳамроҳӣ накарданд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора шикасти тавтеаҳои Амрико дар минтақа таъкид кард, решаи нокомии амрикоиҳо дар минтақаи ғарби Осиё ҳушёрӣ, бедорӣ, истиқомат ва истодагии мардуми минтақа аст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин ёдовар шуд, ҳузури пуршукӯҳи мардуми Эрон дар роҳпаймоии чиҳилуякумин солрузи пирӯзии инқилоби исломӣ зарбаи дигаре ба душманони ҷумҳурии исломӣ хоҳад буд.

 

Матолиби муртабит: 

Интиқоди Русия аз иқдоми якҷонибаи аврупоиҳо дар бораи БАРҶОМ

Ҳушдори Эрон дар бораи рафтори ғайри одилонаи Аврупо дар БАРҶОМ