Ҳамкории Эрон ва Туркманистон дар заминаи газ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i5065-Ҳамкории_Эрон_ва_Туркманистон_дар_заминаи_газ
Мудиромили Ширкати миллии гази Эрон аз ҳамкорӣ бо Туркманистон барои дастёбӣ ба бозори муштараки газ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 29, 2016 13:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва Туркманистон дар заминаи газ

Мудиромили Ширкати миллии гази Эрон аз ҳамкорӣ бо Туркманистон барои дастёбӣ ба бозори муштараки газ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Ҳамидризо Ироқӣ, мудиромили Ширкати миллии гази Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон афзуд, Эрон ба далели ҷуғрофиёи роҳбурдӣ ва доро будани махозини азими газ, имкони ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояро дар ҳавзаи содирот ва сувопи (муоваза) газ дорад.

Ба гуфтаи Ҳамидризо Ироқӣ, ҳамакнун тарҳи содироти гази Эрон ба Ироқ такмил шудааст ва пас аз эъломи омодагии тарафи ироқӣ ва ҳамоҳангиҳои молӣ, содироти газ оғоз мешавад.

Вай афзуд, дар фасли замистони имсол рӯзона 50 миллион метримукааб газ ба шаҳрҳои Бағдод ва Басра ва дар фасли тобистони оянда ҳам 35 миллион метри мукааб/газ ба ин шаҳрҳо содир мешавад.