Муваффақияти матори моҳворабари эронии Ораш дар тести халаъ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i50697-Муваффақияти_матори_моҳворабари_эронии_Ораш_дар_тести_халаъ
Вазири иртиботот ва технологии иттилооти Эрон аз муваффақиятомез будани озмоиши матори моҳворабари бумии Ораш дар шароити халаъ хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 08, 2020 17:41 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти матори моҳворабари эронии Ораш дар тести халаъ

Вазири иртиботот ва технологии иттилооти Эрон аз муваффақиятомез будани озмоиши матори моҳворабари бумии Ораш дар шароити халаъ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Озарии Ҷаҳрумӣ вазири иртиботот ва технологии иттилооти Эрон рӯзи шанбе дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт, матори моҳворабари Ораш қодир аст моҳвораҳоро аз мадори 500 километрӣ то мадори 21 ҳазор километрӣ интиқол диҳад.

Ҷаҳрумӣ афзуд, ин дастовард, гоми муҳими дигар барои расидан ба мадори 36 ҳазор километрӣ аст.

Дар ҳамин ҳол моҳворабари Симурғ ва моҳвораи Зафар барои анҷоми фароянди партоб ба пойгоҳи фазоии имом Хумайнӣ (раҳ) дар вилояти Симнон (шарқи Теҳрон) мунтақил шуданд.

Қарор аст моҳвораи эронии Зафар бо моҳворабари Симурғ ба фазо партоб шавад ва дар мадори 500 километрӣ аз сатҳи замин қарор гирад.

Тасовири моҳвораи Зафар метавонад дар баррасии захираҳои нафт, конҳо, ҷанггалҳо, заминҳои шур, маризиҳо ва офатҳои гиёҳӣ ва буҳронҳои табиӣ ба кор гирифта шавад.

Моҳворабари эронии Симурғ ҳам қодир аст моҳвораҳое то вазни 250 килограмро дар мадори 500 километрии замин қарор диҳад.