Худкифоии Эрон дар заминаи 26 маҳсули ҳавзаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ
Феврал 09, 2020 20:00 Asia/Dushanbe
Аз 26 маҳсули донишбунён дар ҳавзаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ, бо ҳузури муовини илмӣ ва фанноварии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯнамоӣ шуд.
Ба гузориши ИРНА, Сурено Ситорӣ, муовини илмӣ ва фанноварии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар маросими рӯнамоӣ аз маҳсулоти донишбунён дар Теҳрон афзуд:
Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар ду бахши илмӣ ва тиҷорӣ мақоми аввали кишварҳои минтақа аст.
Маҳсулоти донишбунён дар ҳавзаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ пеш аз ин аз кишварҳои хориҷӣ вориди Эрон мешуд.
Ҳамчунин марҳилаи аввали панҷумин маркази ҷомеи ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва пизишкии бозсохтӣ, имрӯз дар Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон рӯнамоӣ шуд.
Барчасп