Солеҳӣ: Эрон дар нигаҳдоӣ аз амнияти худ кӯтоҳӣ нахоҳад кард
Раиси Созмони энержи атомии Эрон дар сеюмин иҷлоси дусолонаи амнияти ҳастаӣ дар Вена гуфт, Ҷумҳурии исломӣ дар нигаҳдорӣ аз амнияти худ, тардид ва кӯтоҳӣ нахоҳад кард.
Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон имрӯз (душанбе) дар ин иҷлос, ҳифзи БарҶОМ-ро таъминкунандаи амнияти ҳастаӣ донист ва масъулияти Аврупоро ба унвони яке аз тарафҳои аслии ин тавофуқ дар ҳифзи он ва раҳоӣ аз сиёсатҳои зӯргуёна ва якҷонибаи Амрико ёдовар шуд.
Солеҳӣ давлати Амрикоро муқасири аслии шароити мавҷуд муаррифӣ ва рафтори ғайримасъулона ва номаъқули режими ҳоким дар Амрико ва сарзамини ишғолии Фаластинро низ маҳкум кард.
Раиси Созмони энержии атомии Эрон, рафтори Вашингтон дар арсаи байналмилалиро террористӣ, тавсиф кард ва бо ёдоварии террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, бар ҷиддӣ будани Эрон дар бархӯрд бо ҳар гуна таҷовуз ва посухгӯии мутақобил таъкид кард.
Солеҳӣ ҳамчунин бо ёдоварии иқдомоти густурда ва дар ҳоли анҷоми Эрон дар бахши амнияти ҳастаӣ, бархурди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳое ҳамчун ҳамалоти сайберӣ монанди вируси “stuxnet” ба таъсисоти ҳастаии Эрон ва таваққуфи ин ҳамалот ва иқдомоти террористӣ дар ба шаҳодат расондани донишмандони ҳастаии эрониро хостор шуд.
Сеюмин иҷлоси дусолонаи амнияти ҳастаӣ имрӯз (душанбе) бо ширкати вазирони умури хориҷа, сиёсатгузорон, раисони энержии атомӣ, мақомоти аршад ва коршиносони амнияти ҳастаӣ ва мақомоти баландпоя аз саросари ҷаҳон оғоз бакор кард ва ба муддати панҷ рӯз дар Вена идома дорад.