Феврал 10, 2020 20:22 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати раҳбари муаззами инқилоб бо афв ва тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон

Ба муносибати солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби Исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо афв ва тахфифи муҷозоти беш аз ду ҳазорнафар аз маҳкумони маҳокими умумӣ ва инқилоб, созмони қазоии нирӯҳои мусаллаҳ ва таъзироти ҳукуматии Эрон мувофиқат карданд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон ба муносибати фиро расидани солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби Исломӣ дар номае ба раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти ду ҳазору 315 нафар аз маҳкумонро, ки дар идораи афв ва бахшудагии қувваи қазоия воҷиди шароити лозим ташхис дода шудаанд, ироа кард, ки ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 аз асли 110 қонуни асосӣ мавриди мувофиқати ҳазрат оятуллоҳ Хоманаӣ қарор гирифт.

Фардо 22 баҳмани 1398 мусодиф бо 11 феврали 2020,  41-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) аст.