Феврал 10, 2020 21:42 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни инқилоб: Даъват барои ҳузур

Маросими роҳпаймоии Рӯзи 22 баҳман, солрӯзи пирӯзи Инқилоби Исломӣ фардо дар саросари кишвар баргузор мешавад.

Ба гузориши ИСНА, ин маросими соати 9 субҳи фардо 22 баҳман дар Теҳрон ва беш аз 5200 нуқта дар кишвар баргузор мешавад. Тамоми сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Эрон низ маросими ҷашни пирӯзии инқилоб баргузор мешавад.

Суханрони маросими роҳпаймоии 22 баҳманмоҳ дар Теҳрон раисиҷумҳур аст.

Оятуллоҳ Иброҳими Раисӣ, раиси қувваи қазоия дар маросими 22 баҳмани Машҳад суханронӣ мекунад, ҳамчунин Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ дар Зоҳидон, Муҳаммадбоқири Навбахт дар Гургон, ҳуҷҷатулислом Алавӣ, вазири иттилоот дар Хуррамобод, Мӯҳсини Ҳоҷмирзоӣ, вазири омӯзиш ва парвариш дар Илом, Амир Ҳотамӣ, вазири дифо дар Рашт, суханронӣ мекунанд. Додситони кулли кишвар низ дар Қум, Мӯҳсини Ризоӣ дар Табриз, Саиди Ҷалилӣ дар Сорӣ, сардор Сафавӣ дар Бушеҳр ва Сайидаҳмади Хотамӣ дар Кирмон сухрони маросими 22 баҳман ҳастанд.

Беш аз шаш ҳазор хабарнигори дохилӣ ва хориҷӣ маросимро пӯшиш медиҳанд.

Илова бар уламо ва мароҷеъ, расони қувои сегона, раисони Маҷолиси Шӯрои Исломӣ ва Хубрагони раҳбарӣ ва раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, бархе гурӯҳҳо, аҳзоб, шахсиятҳо, созмонҳо ва ниҳодҳо бо судури баёнияҳо ё паёмҳои ҷудогона аз мардум барои ҳузур дар роҳпаймоии маросими Рӯзи 22 баҳман даъват карданд.

Нирӯҳои ёрии таъҷилии Теҳрон дар Рӯзи 22 баҳман ба манзури ироаи хадамот ба шаҳрвандон дар масирҳои роҳпаймоӣ истиқрор хоҳанд дошт.

Фармондеҳи нирӯи интизомӣ ҳам аз омодагии пулис барои таъмини амнияти роҳпаймоии 22 баҳман ва интихобот хабар додааст.

Ҳамчунин сухангӯи Созмони оташнишонӣ ва хадамоти эминии шаҳрдории Теҳрон аз омодабоши 280 нафар аз оташнишонон дар масирҳои роҳпаймоии Рӯзи 22 баҳман хабар дод.