Рӯҳонӣ: Амрикоиҳо 41 сол аст, ки хоби бозгашт ба Эронро мебинанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i50782-Рӯҳонӣ_Амрикоиҳо_41_сол_аст_ки_хоби_бозгашт_ба_Эронро_мебинанд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки амрикоиҳо 41 сол аст, хоби бозгашт ба Эронро мебинанд, таъкид кард, берун рондани Амрико аз Эрон ҳамзамон бо пирӯзии Инқилоби Исломӣ барои мақомоти Вашингтон ғайриқобили таҳаммул аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 11, 2020 15:59 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Амрикоиҳо 41 сол аст, ки хоби бозгашт ба Эронро мебинанд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки амрикоиҳо 41 сол аст, хоби бозгашт ба Эронро мебинанд, таъкид кард, берун рондани Амрико аз Эрон ҳамзамон бо пирӯзии Инқилоби Исломӣ барои мақомоти Вашингтон ғайриқобили таҳаммул аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷтимои миллионии мардуми Теҳрон дар маросими роҳпаймоии чиҳилу якумин солгарди пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби Исломӣ гуфт, таъсири Инқилоби Исломии Эрон на танҳо бар дохили кишвар, балки бар минтақа ва ҳама мусалмонону озодихоҳони ҷаҳон буд.

Рӯҳонӣ бо ишора ба қудрати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нақши  муассири он дар минтақа хотирнишон кард, Амрико ва режими саҳюнистӣ бо огоҳӣ аз қудрати ҷумҳурии исломӣ ҳамвора душмани сарсахти миллат ва Инқилоби Исломии Эрон буданд. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ сардори майдони ҷанг ва дипломати аршад дар музокира буд, ёдовар шуд, шаҳид Сулаймонӣ бо кумаки мардуми минтақа ба Ироқ, Сурия ва Лубнон суботу амният дод.

Имрӯз, 11-уми феврали соли 2020 чиҳилу якумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) аст.