Феврал 12, 2020 13:38 Asia/Dushanbe
  • Хонаводаи шаҳид Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис: Мо сарбози Раҳбари муаззами инқилоб ҳастем

Хонаводаи шаҳид Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис, муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ, "Ҳашдушшаъбӣ" рӯзи сешанбе дар баёнияе ба муносибати чилумин рӯзи шаҳодати фармондеҳи муқовимат, бар омодагии худ барои такмил кардани масири муқовимат таъкид кард.

Ҳамсар ва чор духтари шаҳид Алмуҳандис дар ин баёния худро сарбозони Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тавсиф ва омодагии худро барои хидмат ба ҷабҳаи муқовимат эълом карданд.

Хонаводаи шаҳид Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис таъкид карданд, интиқоми хуни шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис, бо поён додан ба ҳузури Амрико дар минтақа таҳаққуқ хоҳад ёфт.

Хонаводаи шаҳид Абӯмаҳдӣ Аллмуҳандис бо таъкид бар ин, ки шаҳодати фармондеҳони муқовимат ҳеҷ гуна ихтилоле дар фаъолияти минтақавӣ ва дохилии ҷабҳаи муқовимат эҷод наукардааст, тасреҳ карданд, ки Амрико, режими саҳюнистӣ ва дигар душманони меҳвари муқовимат қатъан нобуд хоҳанд шуд.