Рақобати беш аз 7 ҳазор нафар барои вуруд ба маҷлис
(last modified Thu, 13 Feb 2020 13:35:51 GMT )
Феврал 13, 2020 18:35 Asia/Dushanbe
  • Рақобати беш аз 7 ҳазор нафар барои вуруд ба маҷлис

Раиси Ситоди интихоботи кишвар аз рақобати беш аз 7 ҳазор нафар барои вуруд ба Маҷлиси Шӯрои Исломӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Араф бо ишора ба инки асомии довталабони интихоботи маҷлис, ки таъйиди салоҳият шудаанд ба фармондориҳо иблоғ шудааст, гуфт, дар ин интихобот 7 ҳазору 148 нафар барои 290 курсии намояндагӣ дар маҷлис рақобат мекунанд. Раиси Ситоди интихоботи кишвар бо эъломи хабари итмоми баррасии салоҳияти довталабони интихоботи маҷлис дар Шӯрои нигаҳбон, гуфт, як иттифоқи муҳимме, ки дар ин ҷо афтода ин аст, ки мо иҳроз нашудани салоҳият надорем, дар воқеъ ё номзадҳо таъйид шудаанд ва ё рад шудаанд.

Вай афзуд, аз имрӯз(24 баҳман) таблиғоти номзадҳои интихоботӣ оғоз шудааст ба ҳамаи номзадҳо ва ситодҳо ва касоне, ки онҳоро пуштибонӣ мекунанд эълом мекунем, ки қонунро риоят кунанд ва тахаллуфи таблиғотӣ накунанд.

Шӯрои нигаҳбон ва ситоде, ки дар қувваи қазоия бад-ин манзур ташкил шуда, нисбат ба тахаллуфот расидагӣ хоҳанд кард.

Раиси ситоди интихоботи кишвар ҳамчунин гуфт, маҷлис 290 курсии намояндагӣ дорад ва агар ин ададро тақсим бар теъдоди довталабони интихоботи маҷлис кунем, рақобат барои ҳар курсӣ қобили таваҷҷуҳ хоҳад буд, албатта дар баъзе аз ҳавзаҳо теъдоди довталабон нисбат ба теъдоди сандалӣ мухтас ба он ҳавза камтар ё бештар аст.

Араф афзуд, таблиғоти интихоботӣ ба муддати як ҳафта, яъне аз 24 то 30 баҳман, аст лизо фармондориҳо ва ҳайати бозрасии вазорати кишвар муваззаф ҳастанд гузоришҳоро эълом кунанд. Ситоди пешгирӣ аз тахаллуфоти интихоботӣ ҳам фаъол аст ва намояндаи мо дар онҷо ҳузур дорад.