Феврал 15, 2020 19:13 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: тобоварии миллати Эрон барои ҷаҳон ҳайратангез аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо ишора ба ҳузури миллати муқовими Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳман (11 феврал) ва ҳамчунин маросими видои пайкари сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи шаҳиди нерӯи қудси Сипоҳи посдорон таъкид кард, тобоварии миллати Эрон дар баробари фишорҳои ғули ваҳшии Амрико, нозирони ҷаҳониро ба ҳайрат водоштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи шанбе дар дидори маддоҳон ва зокирони аҳли байт алайҳимуссалом таъкид карданд, агар бихоҳем дар баробари мавҷи таҳоҷуми фарҳангии душман, сабки зиндагиро ба масири саҳеҳ ва исломии он бозгардонем, танҳо чора фарҳангсозӣ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон яке аз маорифи олии динӣ ва сабки зиндагии исломиро фарҳанги наҳаросидан аз душман ва таваккал ба Худо донистанд ва афзуданд, агар дар рӯзҳои аввали инқилоб гуфта мешуд, ки Эрон аз лиҳози рутбаи илмӣ ва технологӣ ва ҷойгоҳи сиёсӣ ва нуфузи минтақаӣ ба марҳилаи кунунӣ мерасад касе бовар намекард, аммо миллати Эрон ба Худо таваккал кард ва аз ҳеҷ қудрате наҳаросид ва тавонист ба ин марҳила аз пешрафтҳо даст ёбад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳамчунин бо ишора ба барномарезии андешкадаҳо ва таблиғоти густардаи расонаҳои ғарбӣ барои қонеъ кардани миллати Эрон ба манзури кутоҳ омадан дар баробари Амрико таъкид карданд, миллати Эрон ба лутфи Худо то кунун истодааст ва аз ин пас ҳам хоҳад истод, аммо ин истодагӣ ниёзманди тазриқи мустамари нерӯи маънавӣ ба ҷомеа аст.

Ишон бо таъкид бар ин ки руҳи ҳамосӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунон зиндааст афзуданд, миллати Эрон дар ҳамаи қазияҳое,ки ниёзманди ҳузури пуршур ва ҳамосӣ будааст, дар майдон ҳозир будаанд, аммо истимрори ин руҳия ниёзманди таъмиқи маорифи динӣ ва фарҳангсозӣ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ин вазифаҳои хатарнокро аз ҷумлаи масъулиятҳои ҷомеаи маддоҳон баршуморданд ва гуфтанд, ба лутфи Худованд низоми исломӣ, сардори низомии хуб, мардони илмии ҷавон ва пурангеза, фарҳангсозони пурҳиммат ва боғайрат ва ҳунарманд ва мардуми омода ба кор дар ҳамаи арсаҳо дорад, бинобарин бо чунин зарфиятҳое ба фазли илоҳӣ, пирӯзии қатъӣ ва ниҳоӣ бар ҷабҳаи васеи душман аз они миллати Эрон хоҳад буд.