Феврал 15, 2020 20:19 Asia/Dushanbe
  • Фотима пуртакрортарин номи духтарони Эрон дар қарни ахир

Сухангӯи Созмони сабти аҳволи Эрон гуфт, Фотима пуртакрортарин номе аст, ки эрониҳо барои духтарони худ интихоб кардаанд.

Ба нақл аз ИРНО, Сайфуллоҳ Абутуробӣ сухангӯи Созмони сабти аҳволи Эрон рӯзи шанбе бо баёни ин ки беш аз 14 миллиону 500 ҳазор нафар аз ибтидои таъсиси сабти аҳволи Эрон дар сад соли гузашта мавсум ба номҳо ва лақабҳои ҳазрати фотимаи Заҳро (с) будаанд афзуд, то кунун беш аз 5 миллиону 142 ҳазор номи Фотима ва ҳудуди 3 миллиону 602 ҳазор номи Заҳро дар санадҳои ҳувиятии эрониён ба сабт расидааст.

Абутуробӣ афзуд, Маъсума, Марзия, Сиддиқа, Тоҳира, Батул, Розия, Райҳона, Тайиба, Маҳдия, Муҳадисса, Фаҳима, Сайида, Сафия, Узро, Мансура ва Ҳабиба аз дигар лақабҳои ҳазрати Фотима ҳастанд, ки эрониён барои духтарони худ интихоб кардаанд.

Имрӯз шанбе бистуми ҷамодиюл сонии соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 15 феврали 2020, солрӯзи валодати босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) духтари гиромии паёмбари акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва ҳамсари амири муъминон Алӣ ибни Абитолиб (а) аст.