Феврал 16, 2020 10:18 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико ва Исроил барои Ғарби Осиё амният намеоваранд

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, кишварҳои минтақа бояд бидонанд, ки Амрико ва Исроил наметавонанд барои Ғарби Осиё амният биёваранд.

Ба нақл аз ИРНО, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои ширкат дар Конфронси амниятии Мюнхен ба Олмон сафар кардааст, асри шанбе дар гуфтугӯе бо бахши байналмиллалии ББС бо баёни инки Теҳрон омодаи гуфтугӯ барои дастёбӣ ба як созу кори амниятӣ бо кишварҳои минтақааст гуфт, амният ва суботи минтақаи Ғарби Осиё бояд тавассути кишварҳои минтақа таъмин шавад.

Зариф бо ишора ба дарёфти паёме аз сӯи Арабистон баъд аз террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи шаҳиди нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бар асоси тамоюли Риёз барои гуфтугӯ бо Теҳрон гуфт, Эрон ба паёми Арабистон посухи мусбат дод, аммо дигар посухе аз ҷониби ин кишвар дарёфт накард.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки Эрон ба дунболи таниш бо ҳамсоягон нест тасреҳ кард, Теҳрон амнияти кишварҳои ҳамсояро амнияти худ медонад ва омодаи гуфтугӯ бо ҳамаи ҳамсоягон аст.

Зариф ҳамчунин бо баёни ин ки Арабистон ва Иморот хоҳони афзоиши таниш дар минтақаи Ғарби Осиё ҳастанд тасреҳ кард, Кувайт, Қатар, Уммон ва Ироқ ба ташаббуси Эрон бо унвони "Сулҳи Ҳурмуз" барои амнияти гулӯгоҳи Ҳурмуз ва Халиҷи Форс посух додаанд, аммо то кунун посухе аз Арабистон, Иморот ва Баҳрайн дарёфт нашудааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, роҳҳои зиёде барои коҳиши таниш дар минтақа вуҷуд дорад, аммо муҳим ин аст, ки ҳамсоягон бихоҳанд ва иродаи воқеӣ барои ин кор вуҷуд дошта бошад.