Феврал 16, 2020 18:43 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Зариф бар зарурати таъмини амният ва суботи минтақаи ғарби Осиё

“Теҳрон амнияти кишварҳои ҳамсояро амнияти худ медонад ва омодаи гуфтугӯ бо ҳамаи ҳамсоягон аст”.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои ширкат дар конфронси амниятии Мюнхен ба Олмон сафар кардааст, асри шанбе дар гуфтугӯе бо бахши байналмилалии шабакаи "ББС" бо баёни ин мавзӯъ таъкид кард, Эрон ба думболи таниш бо ҳамсоягон нест. Зариф бо ишора ба инки Кувейт, Қатар, Уммон ва Ироқ ба ибтикори Эрон бо унвони "сулҳи Ҳурмуз" барои амнияти тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Форс посух додаанд, хотирнишон кард, аммо токунун посухе аз Арабистон, Иморот ва Баҳрайн дарёфт нашудааст.

Нигоҳе ба суханони Зариф дар иҷлосҳои қаблии амниятии Мюнхен низ нишон аз ҳамин дидгоҳ дорад, ки ҳадафи сиёсати хориҷии Эрон эҷод ва тақвияти амнияти минтақа аст.

Конфронси амниятии Мюнхен агарчӣ доираи фаъолитҳояш дар сиёсатҳои амнияти ҷаҳон аст, аммо лузуман" маҳалле барои тасмимгирӣ нест, балки сирфан маҳалле барои изҳори назар ва эъломи мавозеъ, ҳамчунин ройзанӣ ва дидорҳои ҷонибе аст, ки ҳар сол ба тарҳи мавзӯоти муҳимми ҷаҳонӣ мепардозад. Имсол низ ин конфронс дар шароите баргузор шуд, ки ҷаҳон дар ҳоли тағйир ва таҳаввул аст ва конуни ин тағйир ҳавли меҳвари амният дар ғарби Осиё аст. Ғарби Осиё яке аз конунҳое аст, ки ба иллати сиёсатҳои ғалати Амрико шоҳид танишҳо, буҳронҳо ва чолишҳо шудааст. Нақши Амрико дар ин буҳронҳое аз халқи Алқоида то ДИИШ ва ҷангафрӯзӣ дар минтақа то пушт кардан ба тааҳҳудот ва паймонҳои байналмилалӣ ва буҳронсозӣ дар раванди озоди тиҷорат ва иқтисоди ҷаҳонӣ, бориз ва ба шиддат пурранг аст.

Амрико бо ҳимоят аз терроризм, ноамниро дар ғарби Осиё густариш додааст. Сиёсатҳои ғалати Амрико дар чанд даҳаи гузашта боис шудааст то Доналд Трамп эълом кунад, Амрико ҳафт триллион доллар дар минтақа ҳазина карда, аммо ба ҷое нарсидааст. Албатта Трамп низ идомадиҳандаи ҳамон роҳи ғалат аст. Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар “Твитт”-е бо бознашри гуфтугӯи худ бо шабакаи "НБС"-и Амрико навишт, тавсияҳои иштибоҳ ба Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико боис шудааст, ки вай тасмимҳои ғалате бигирад.

Зариф афзуд, бо итихози чунин тасмимоти иштибоҳе, поёни Амрико дар минтақаи ғарби Осиё оғоз шудааст. Акнун дунё медонад, ки Амрико ноамниро ба ғарби Осиё содир карда аст. Дар мувоҷиҳа бо ин вазъият, ҳадафи сиёсати хориҷии Эрон тақвияти амният бо ҳамкории кишварҳои минтақа аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии худ дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, бо табйини мавозеи минтақаӣ ва байналмилалии Эрон, тарҳи сулҳи минтақаӣ бо унвони "ибтикори сулҳи Ҳурмуз" ё "эътилофи умед"-ро ироа кард.

Сайидбоқири Закӣ Искуӣ, таҳлилгари масоили байналмилал дар бораи нақши минтақаии Эрон мегӯяд: "Эрон собит кард, метавонад дар шароити кунунии минтақа дар ростои рафъи таҳдидҳои амниятӣ ва афзоиши амнияти нисбӣ дар қолаби модели амнияти минтақаии давлат-миллатҳои мустақил нақше муассир ифо кунад. Мубориза бо терроризм, ҷилавгирӣ аз густариши таслиҳоти куштори ҷамъӣ дар минтақа, кумак ба ҳалли буҳронҳои минтақаӣ дар Ироқ ва Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз фурӯпошӣ ва таҷзия дар Сурия аз иқдомоте аст, ки нақши бебадил ба Эрон бахшидааст."

Таҷруба нишон медиҳад то замоне, ки як талоши ҷамъӣ барои эҷоди сулҳи фарогир ва амният дар минтақа вуҷуд надошта бошад, ҳамчунон бояд шоҳиди даргирӣ ва нооромиҳо буд.

Иҷлоси Мюнхен трибуне аст, ки метавон чолишҳоро баён кард ва дидгоҳҳо ва роҳи ҳалҳоро низ гуфт ва дар айни ҳол афкори умумиро нисбат ба раванди таҳаввулоти минтақа, ҳассос ва огоҳ сохт. Он гуна, ки Зариф гуфт, кишварҳои минтақа бояд бидонанд, Амрико ва Исроил наметавонанд барои ғарби Осиё амният биоваранд.