Феврал 17, 2020 16:47 Asia/Dushanbe
  • Сарфаҷӯии 140 миллиондолларии Эрон бо тавлиди қатаоти радарӣ ва мушакӣ

Вазири дифо ва пуштибонии нирӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, ҳудуди 310 қитъа барои сомонаҳои мухталифи радарӣ ва мушакӣ, тарроҳӣ ва сохта мешавад.

Амир сартип Амири Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нирӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар боздид аз намоишгоҳи бумисозии қатаоти электроникӣ ва микроэлектроникии ширкати саноати электронии Эрон дар Теҳрон, тарроҳӣ ва сохти ҳудуди 310 қитъа барои сомонаҳои мухталифи радарӣ, иртиботӣ, мушакӣ, ҳавоӣ ва дарёиро дар шароити таҳрим, иқдоме инқилобӣ ва ҷиҳодӣ донист.

Сартип Ҳотамӣ гуфт, мутахассисони ҷавони санъати дифоии Эрон бо такя бар дониши бумӣ ва зарфиятҳои дохилӣ тавонистаанд ба тавоноии сохт ва тавлиди печидатарин дастовардҳои пешрафтаи электронӣ ва микроэлектронии ҳавзаи дифоӣ даст ёбанд.

Вазири дифо ва пуштибонии нирӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ ҳамчунин дар ин намоишгоҳ аз 15 маҳсули муҳим ва гулӯгоҳи санъати худрави Эрон рӯнамоӣ кард.

Сартип Ҳотамӣ бо ишора ба ташдиди таҳримҳои золимона алайҳи миллати Эрон, тасреҳ кард, аз саррези фанновариҳои пешрафтаи ҳавзаи дифоии Эрон, 15 маҳсули гулӯгоҳӣ, ки мавриди ниёзи шадиди худравсозон буд тайи 2 соли ахир бо сарфаҷӯии беш аз 60 миллион доллар тавлид ва ин қатаот дар ихтиёри санъати худрави кишвар қарор гирифтааст.