Феврал 17, 2020 18:39 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: Мардуми Эрон ба таноқузгӯиҳои мақомоти Амрико одат доранд

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба изҳороти бархе мақомоти амрикоӣ перомуни интихобот дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мардуми иззатманди Эрон ба ин таноқузгӯиҳои мақомоти амрикоӣ одат кардаанд.

Брайан Ҳук, намояндаи вижаи вазорати хориҷаи Амрико дар умури Эрон рӯзи ҷумъаи гузашта (14 феврал) бо интишори видеое дар бораи интихоботи пешрӯи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон муддаӣ шуд, барандагон ва бозандагони ин интихобот, пеш аз раъйи мардум таъйин мешаванд.

Сайидаббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе бо баёни инки эҳтимоми Ҷумҳурии исломӣ ба мавзӯи интихобот дар тарози болое дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ба хусус минтақаи ғарби Осиё қарор дорад, таъкид кард, мақомоти амрикоӣ беҳтар аст ба ҷойи зери савол бурдани интихобот дар Эрон ба саволот ва ибҳомҳои тайфи васее аз мардум ва нухбагони Амрико ва ҷаҳон посух диҳанд.

Мусавӣ бо ишора ба равобити густурдаи режими Амрико бо кишварҳое, ки ҳатто бо соддатарин шакли интихобот ҳам бегона ҳастанд, афзуд, иддаои мақомоти Вашингтон дар хусуси интихоботи Эрон дар ҳоле аст, ки раъйи аксарияти мардуми Амрико бо таваҷҷуҳ ба созукорҳои ғайри шаффоф ва печидаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар, нодида гирифта мешавад.

Интихоботи даври ёздаҳуми Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар 208 ҳавзаи интихобияи саросари Эрон ва нахустин миёндавраии даври панҷуми Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар 5 ҳавзаи интихобияи Теҳрон, Форс, Хуросони Шимолӣ, Хуросони Разавӣ ва Қум рӯзи ҷумъаи оянда (21 феврал 2020) баргузор хоҳад шуд.