Раҳбари муаззами инқилоб: интихобот хунсокунандаи бисёре аз ниятҳои шуми душманон аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо ишора ба тавтеаҳои амрикоиҳо барои эҷоди фосила байни низоми исломӣ ва мардум таъкид карданд, интихобот хунсокунандаи бисёре аз ниятҳои шуме аст, ки амрикоиҳо ва саҳюнистҳо зиддиЭрон доранд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамзамон бо Солрӯзи қиёми мардуми Табриз дар 29 баҳмани 1356 (18 феврали 1978) ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи мардуми вилояти Озарбойҷони Шарқӣ субҳи имрӯз сешанбе бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дидор карданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо баёни инки амрикоиҳо талош мекунанд ҷавони эрониро аз низоми исломӣ ҷудо кунанд, афзуданд, дар интихоботи дуввуми исфанд (21 феврал) ҳам монандаи рӯзи 22 баҳман (11 феврал) ва бузургдошти шаҳид Сулаймонӣ душман ба ҳадафаш намерасад. Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон тасреҳ карданд, душманон мехоҳанд бидонанд, ки ҳоло баъд аз ин ҳама талош ва таблиғот ва мушкилоти иқтисодие, ки дорад ва бад аҳдие, ки ғарбиҳо ва аврупоиҳо бо Ҷумҳурии исломии Эрон карданд ва фишорҳое, ки амрикоиҳо дар ҳоли ҳозир ворид мекунанд билохира натиҷааш дар мардум чи шудааст. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни инки интихобот як ҷиҳоди умумӣ ва мояи тақвияти кишвар ва обуруи низоми исломӣ аст, таъкид карданд, ин интихобот бадали фанни макри душманони Эрон аст ва миллати Эрон медонад, ки чикор мекунад.