Оғози интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар Эрон
Интихоботи ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва нахустин миёндавраии панҷумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ аз соати 8 субҳи имрӯз (ҷумъа) оғоз шуд.
Интихоботи даври ёздаҳуми Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар 208 ҳавзаи интихобияи саросари Эрон барои интихоби 290 намояндаи маҷлис баргузор мешавад.
Раъйгирӣ ба муддати 10 соат анҷом хоҳад шуд ва дар сурати лузум ва эълони устондорон ва фармондорон, қобилияти тамдид дорад.
Мӯҳлати таблиғоти номзадҳои намояндагии ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, соати ҳашти субҳи дирӯз(панҷшанбе) поён ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Ҷамол Урф, раиси Ситоди интихоботи вазорати кишвари Эрон аз рақобати ҳафтҳазору 157 номзад барои вуруд ба ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ хабар дод ва гуфт, 55 ҳазор шӯъбаи ахзи раъй дар саросари кишвар мустақар шудааст.
Урф бо баёни инки миёнгини мушорикати мардум дар давраҳои қаблии интихоботи маҷлис, 60 дарсад будааст, хотирнишон кард, 57 миллиону 918 ҳазор нафар воҷиди шароити ширкат дар интихоботи даври ёздаҳуми Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳастанд, ки аз ин теъдод 2 миллиону 931 ҳазор нафар барои аввалин бор метавонанд дар интихобот ширкат кунанд.
Барои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ (интихоботи миёндавраӣ) низ пас аз озмуни илмии иҷтиҳод (катбӣ ва шифоҳӣ) ва баррасӣ ва истеъломҳо, теъдоди 29 довталаб барои 7 курсӣ рақобат хоҳанд кард.
Тибқи қонуни интихоботи Эрон, сини раъй додан 18 соли тамом аст ва афроди болои ин син дар сурати доштани шиноснома ва коди миллӣ, метавонанд раъй диҳанд.