Ҳузури густурдаи мардуми Эрон дар интихобот дар нахустин дақоиқи оғози раъйгирӣ+видео
Мардуми саросари Эрони исломӣ дар нахустин дақоиқи оғози раъйгирии ёздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва аввалин миёндвараии панҷумин давраи интихоботи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, бо ҳузури пуршӯр дар ҳавзаҳои интихобия ҳозир шуданд.
Гурӯҳҳои мухталифи мардум аз пиру ҷавон дар нахустин дақоиқи оғози раъйгирӣ дар муқобили ҳавзаҳои интихобия саф кашиданд то битавонанд ҳарчӣ зудтар раъйи худро ба сандуқ биандозанд.
Интихоботи ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва нахустин миёндавраии панҷумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ аз соати 8 субҳи имрӯз оғоз шуд.
57 миллиону 918 ҳазор нафар воҷиди шароити ширкат дар интихоботи даври ёздаҳуми Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳастанд, ки аз ин теъдод 2 миллиону 931 ҳазор нафар барои аввалин бор метавонанд дар интихобот ширкат кунанд.
Раъйгирӣ ба муддати 10 соат анҷом мепазирад ва дар сурати лузум тамдид мешавад.