Феврал 21, 2020 11:02 Asia/Dushanbe
  • Омодагии 200 ҳазор нозир барои назорат бар интихобот дар Эрон

Сухангӯи Шӯрои нигаҳбон аз оғоз ба кори ҳудуди 200 ҳазор нозир барои назорат бар ёздаҳумин давраи интихоботи маҷлис ва интихоботи миёндавраии хубрагони раҳбарӣ дар саросар кишвар хабар дод.

Аббосалӣ Кадхудоӣ афзуд, теъдоде бозраси вижа низ дар қолаби гурӯҳҳои се нафара аз Теҳрон ба бархе аз устонҳо эъзом шудаанд то назорати вижае бар интихобот дошта бошанд.

Кадхудоӣ бо табрики рӯзи ҷашни миллии эрониён гуфт, имрӯз рӯзе аст, ки иқтидори миллӣ ба намоиш гузошта ва сарнавишти чаҳор соли ояндаи кишвар таъйин мешавад.

Қоиммақом дабири Шӯрои нигаҳбон гуфт, мо ба мардум итминон медиҳем, ки амонатдори хубе бошем ва аз орои яко-яки онҳо посдорӣ кунем.

Кадхудоӣ ибрози умедворӣ кард, интихоботе дар шаъни миллати Эрон баргузор шавад ва посухи маҳкаме ба таҳдидҳои душманони инқилоб бошад.

Сухангӯи Шӯрои нигаҳбон ҳамчунин дар бораи иқдоми дишаби Амрико дар таҳрими панҷнафар аз аъзои ин шӯро гуфт, Амрико дар 41 соли гузашта ҳамвора аз ин гуна таҳдидот ва душманиҳо алайҳи миллати Эрон дошта ва посухашро низ гирифтааст.

Вай таъкид кард, ин нишони ифтихоре барои ҳамаи мост, ки душманони мардуми Эрон чунин рафторе мекунанд.