Феврал 21, 2020 14:28 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон раъйи худро ба сандуқ андохт

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузур дар ситоди интихоботи вазорати кишвар дар аввалин соъоти оғози раъйгирии интихоботи маҷлиси ёздаҳум ва миёндавраии панҷумини маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, раъйи худро ба сандуқ андохт.

Ҳасани Рӯҳонӣ бо ҳузур дар пойи сандуқи раъйи Вазорати кишвари Эрон, ба номзадҳои мавриди назари худ барои намояндагии мардум дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва хубрагони раҳбарӣ, аз ҳавзаи интихобияи Теҳрон раъй дод.

Раисҷумҳури Эрон пас аз раъй додан, аз бахшҳои мухталифи ситоди интихоботи кишвар боздид кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ сипас дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, 40 сол аз нахустин интихоботи маҷлис дар Эрон мегузарад ва бо вуҷуди шароити ҷангу сахтиҳо, ҳама давраҳои интихобот ҳамеша дар мавқеи худ баргузор шудааст.

Раисҷумҳури Эрон афзуд, дар 10 маҷлиси қаблӣ ҳам то кунун ҳеҷ фосилае вуҷуд надоштааст, ки чунин чизе дар таърихи демократия назир надорад ва дар таърихи Эрон ҳам вуҷуд надоштааст.

Рӯҳонӣ ибрози умедворӣ кард, беҳтаринҳо ба маҷлиси ёздаҳум роҳ ёбанд, зеро он чӣ хости мардум аст, маҷлиси фаъолтар, пуршӯртар ва маҷлисе аст, ки мушкилоти зиндагии мардумро ҳал ва қавонини заруриро тасвиб кунад ва назорати худро беҳтар анҷом диҳад.

Интихоботи ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва нахустин миёндавраии панҷумин давраи хубрагони раҳбарӣ ҳамзамон аз соати 8 субҳи имрӯз дар 208 ҳавзаи интихобия барои таъйини 290 намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва низ таъйини 7 намояндаи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар 5 ҳавзаи интихобияи Теҳрон, Хуросони Шимолӣ, Хуросони Разавӣ, Форс ва Қум оғоз шудааст.

 

Барчасп